Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти ҳастаии Эрон дар Шветсария қатъ шуд


Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ музокироти худ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эронро дар Лозаннеи Шветсария қатъ карданд. Ин музокирот як ҳафта тӯл кашид ва дар он намояндагони Амрикову Британия, Фаронсаву Олмон ва Чину Русия ширкат доштанд.

Ҷонибҳо мехостанд Эрон барномаҳои ҳастаии худро маҳдуд кунад ва дар иваз таҳримҳои иқтисодии ҷаҳон бар зидди Теҳрон сабуктар шавад. Қарор аст, ки то 31 март ҷонибҳо ба созиш расанд ва то 30 июн дар ин бора мувофиқатнома ба имзо расад.

20 март гузориш доданд, ки ҳайати эронӣ ба кишвараш бармегардад, то дар ҷанозаи модари Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар ва дар маросимҳои Наврӯз ширкат ҷӯяд.

21 март Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ба Лондон меравад ва дар он ҷо бо вазирони хориҷаи Британияву Олмон ва Фаронса пешрафти музокира бо Эронро баррасӣ мекунад.

Аббос Арақчӣ-муовини вазири хориҷаи Эрон гуфт, ки музокироти ҳастаӣ дар Шветсария 25 март ба кори худ идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG