Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Бонер-раиси Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико ҳафтаҳои оянда аз Исроил боздид хоҳад кард. Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки муносибати Кохи Сафед бо Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири такроран интихобшудаи Исроил ба сатҳи поён расидааст.

Ҳамин ҳафта Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба Нетаняҳу занг зад, то вайро ба муносибати интихобаш табрик гӯяд. Ба гуфтаи як мақоми Амрико, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, Обама ба Нетаняҳу гуфтааст, ки баъд аз суханони нахуствазир дар бораи мавзеъгирии зидди фаластинии вай дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ Амркио сиёсати худро нисбат ба Исроил бозбинӣ хоҳад кард.

Сухангӯи Бонер гуфтааст, раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Конгресс дар ҳоле ба Исроил сафар мекунад, ки дар Конгресс аз 27 март то 13 апрел таътил эълон шудааст.

Моҳи январ Бонер аз Нетаняҳу даъват карда буд, ки ба Амрико ояд ва дар ҷаласаи муштараки ҳар ду маҷлиси Конгресс суханронӣ кунад.

Нетаняҳу бо истифода аз ин фурсат дар суханронии худ 3 март гуфт, Амрико мехоҳад бо Эрон дар бораи “созишномае бад”-е ба тавофуқ бирасад ва таҳримҳои зидди Теҳронро сабук кунад.

XS
SM
MD
LG