Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ ҳамла ба Наврӯзи курдҳоро маҳкум кард


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ таркиши маргталабонаи шимоли шарқи Сурияро шадидан маҳкум кард, ки дар дар ҷараёни ҷашни Наврӯз рух дод ва даҳҳо нафар ширкаткунандагони базми наврӯзӣ ба қатл расиданд. Дар ин базми наврӯзӣ дар шаҳраки Ҳассакӣ аслан курдҳо ширкат доштанд.

Бан Ки Мун гуфт: “Ин ҳамлаи фаҷиъона дар ҷараёни маросими суннатии ҷамъияти курдҳо рух дод, ки дар он як ҷо гирди ҳам меоянд, ва барои Соли Нав ба ҳамдигар орзуҳои солинавиро тақдим медоранд”.

Гурӯҳи Ҳуқуқи башари нозирони Сурия, ки дафтараш дар Британия аст, дар хабаре гуфтааст, ки дар ду ҳодисаи ҷудогона 45 нафар кушта шудаанд ва дар миёни онҳо кӯдкон низ ҳастанд. Бештар аз 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар манотиқи шимоли шарқи Сурия даҳҳо гурӯҳи тундрав фаъолият мекунанд ва гурӯҳҳои тундрави “Давлати Исломӣ” аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG