Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Иттиҳодияи асъорӣ бояд таъсис дод


Владимир Путин изҳор намуд, ки Русия, Белорус ва Қазоқистон бояд ба музокирот дар бораи таъсиси Иттиҳодияи асъорӣ шурӯъ кунанд. Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс,раисиҷумҳури Русия дар ин бора баъд аз анҷоми музокироти сарони се кишвари узви Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё дар Остона рӯзи 20 март хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, “фақат китф ба китф вокуниш кардан ба таҳдидҳои молияивю иқтисодӣ ва ҳимояи бозори умумиямон осон хоҳад шуд”.

Владимир Путин афзуд, ки соли равон ба хотири тақвияти пояи ҳуқуқии Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё бояд беш аз сад санади муҳим, аз ҷумла, Кодекси нави гумрукӣ, Консепсияи ташаккули бозори умумии нерӯи барқ, газ, нафт ва тавлидоти нафтӣ, имзо карда шавад.

Аз ин пеш Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар мулоқот бо Путин изҳор намуд, ки пойинрафти нархи нафт ва газ барои Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё имтиҳони ҷиддӣ шудааст.

Ба Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё Русия, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон шомиланд. Қарор аст, ки моҳи май Қирғизистон ҳам ба ин созмон ҳамроҳ шавад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ва Александр Лукашенко дар Остона робитаҳои байнидавлатӣ, бӯҳрони Украина ва омодагиҳо ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар ҷанги дуввуми ҷаҳонро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG