Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри "Наврӯзнома" ба забони олмонӣ


Муқоваи китоби электронии "Наврӯзнома"

Муқоваи китоби электронии "Наврӯзнома"

Дар остонаи ҷашни Наврӯз сафорати Тоҷикистон дар Берлин “Наврӯзнома” – як китоби электрониеро ба забони олмонӣ нашр кард, ки бо аксҳои зиёд дар бораи таърихи ҷашни қадимаи мардуми тоҷик ва суннатҳои он нақл мекунад. Шакли чопии ин китоб ҳам ба табъ расида, барои меҳмонҳои базми наврӯзии тоҷикони Олмон тақдим мешавад.

Дар ин бора дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ Маликшоҳ Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Берлин хабар дод. Ба иттилои сафир, рӯзи 22 март "бо кумаки шаҳрдории Берлин дар осорхонаи этнологӣ Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мешавад."

Барномаи баъдии фарҳангии тоҷикони Олмон рӯзи 24 март дар шаҳри Ҳамбург дар як тарабхонае ташкил мешавад. "Ин ҷо як базми наврӯзии тоҷикон ҳамчунин бо ширкати Меҳрнигори Рустам барпо мешавад, ки барои ширкат дар он ҳамаи тоҷикони Олмон даъват мешаванд. Дар чаҳорчӯби ин барнома, инчунин, як форуми муаррификунандаи тавонмандиҳои туристии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд,"-гуфт сафир.

Дар Олмон на камтар аз 1500 тоҷику тоҷикистонӣ зиндагӣ мекунанд, ки дар қайди сафорати Тоҷикистон дар Берлин ҳастанд. Бовар меравад, шумори воқеии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки машғули кору таҳсил дар ин кишвар мебошанд, ба маротиб бештар аст.

XS
SM
MD
LG