Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 30 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Яке аз муҳоҷирони боздоштшуда
Яке аз муҳоҷирони боздоштшуда

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ноҳияи Пушкини Санкт-Петербург 30 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардааст. Масъулони хадамот рӯзи 20 март гуфтанд, ин афрод дар шароити хеле бад зиста, далели боздошташон низ муроҷиати сокинони маҳаллӣ будааст.

Николай Найдуков, муовини раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷират ё ФМС дар Санкт-Петербург, гуфтаааст, ин 30 шаҳрванди Тоҷикистон ба наздиктарин идораи ниҳоди онҳо интиқол ёфтаанд. "Дар қадами аввал қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани будубоши онҳо дар қаламрави Русия санҷида мешавад. Агар будубошашон ғайриқонунӣ бошад, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ё ҷаримабандӣ ваё аз Русия хориҷ мегарданд,"-афзудааст ӯ.

Аммо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд, онҳо дар қаламрави Русия қонунӣ кору зиндагӣ доранд.

XS
SM
MD
LG