Пайвандҳои дастрасӣ

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, изҳор намуд, ки пойинрафти нархи нафт ва газ барои Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё мушкил эҷод хоҳад кард. Ӯ дар ибтидои мулоқот бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Остона рӯзи 20-уми март гуфт, ки “қимати нафт ва дигар тавлидоти содиротӣ, ба вижа, дар Русия ва Қазоқистон хело пойин рафтааст”.

Владимир Путин изҳор намуд, ки Қазоқистону Русия дар роҳи рафъи мушкилиҳои иқтисодӣ бояд ҳамкорӣ кунанд. Ӯ афзуд, ки бо Нурсултон Назарбоев робитаҳои дуҷониба, бӯҳрони Украина ва омодагиҳо ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар ҷанги дуввуми ҷаҳонро баррасӣ мекунанд. Баъдан ба музокироти онҳо раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ҳам пайваст.

Ба Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё Русия, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон шомиланд. Қарор аст, ки моҳи май Қирғизистон ҳам ба ин созмон ҳамроҳ шавад.

Владимир Путин аз номзадии Назарбоев дар интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурии Қазоқистон ҳам пуштибонӣ кард ва гуфт, ҳар касе, ки Қазоқистонро дӯст медорад, бояд ба сарвари феълии кишвар раъй диҳад.

XS
SM
MD
LG