Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Украиниҳо мухолифи федерализатсияанд"


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, изҳор намуд, ки омода аст ҳар лаҳза дар бораи федерализатсияи кишвар раъйпурсӣ доир намояд ва баъдан мутобиқи натоиҷи он амал кунад.

Дар мусоҳиба бо шабакаи Euronews рӯзи 20 март Порошенко гуфт, ки бар пояи Қонуни асосии Украина масъалаи мақоми кишварро метавонад фақат мардум ва дар раъйпурсии умумӣ ҳал кунанд. Ҳамзамон сарвари Украина таъкид кард, ки айни ҳол тақрибан 90 дар сади украиниҳо мухолифи федерализатсияанд, зеро якпорчагии Украина мехоҳанд ва бо ягон хел фишор дар ин мавзӯъ розӣ нестанд.

Петро Порошенко аввалҳои моҳи март дар бораи таъсиси Комиссиюни конститутсионӣ амр содир намуд, ки қарор аст тағйирот ба Қонуни асосиро таҳия кунад. Вазифаи асосии комиссиюн, ба гуфтаи раҳбари Украина, таҳкими мустақилияти додгоҳ, ислоҳоти зидди фасод ва таъзифи марказонияти қудрат дар кишвар аст. Ҳамзамон раисиҷумҳур таъкид кард, ки зимни ислоҳоти Қонуни асосӣ бояд якпорчагии Украина ҳифз шавад.

Баргузории ин ислоҳот ва ироаи “мақоми вижа” ба Донбасс – яке аз шартҳои созишест, ки 12 феврал дар Минск миёни ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳони рустабор ҳосил шуд.

XS
SM
MD
LG