Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюссел таҳримҳо зидди Русияро тамдид мекунад


Доналд Туск
Доналд Туск

Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтанд, ки таҳримҳо алайҳи ширкатҳои Русияро то иҷрои пурраи созишҳои Минск оид ба рафъи бӯҳрон дар шарқи Украина тамдид кунанд. Созиш дар ин бора шоми панҷшанбе дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел ҳосил шуд.

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо дар нишасти хабарӣ паём дод, ки дар сурати татбиқ нашудани созиш сарони Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳоро шадидтар хоҳанд кард.

Тасмими расмӣ дар бораи сарнавишти таҳримҳо моҳи июн дар саммити Иттиҳодияи Аврупо гирифта мешавад.

Ба гуфтаи дипломатҳо, созиши ахиран ҳосилшуда кафолат медиҳад, ки режими таҳримҳо алайҳи соҳаҳои энерҷӣ, молиявӣ ва мудофиавии иқтисоди Русия то охири сол пойбарҷо хоҳанд монд.

Айни ҳол фақат дар бораи тамдиди бастаи иқтисодии таҳримҳо тавофуқ ҳосил шудааст. Хабаргузории Рейтер менависад, дар сурати беҳбуди вазъ дар шарқи Украина шояд то охири сол таҳримҳо алайҳи шаҳрвандони Русия ва Украина лағв карда шаванд.

XS
SM
MD
LG