Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори раиси полис дар арафаи Наврӯз


Мақомоти Афғонистон дар бораи ҳалокати як афсари воломақоми полис бар асари ҳамлаи маргталаби фаранҷипӯш хабар доданд. Матеъулло Хон, раиси полиси вилояти Урузгон, шоми 18 март бар асари ҳамлаи маргталабона дар ғарби шаҳри Кобул кушта шуд.

Дар изҳороти вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфта шудааст, ки маргталаб либоси занона дар тан дошт ва фаранҷӣ ба сар карда буд.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” дар ӯҳда гирифт. Ҳамла дар ҳоле анҷом шуд, ки мардуми Афғонистон ба Наврӯз, ҷашни Соли нав омодагӣ мегиранд.

Аз ин пеш бар асари таркиши мошине, ки барои мансабдорони аршади вилояти Ҳилманд пешбинӣ шуда буд, ҳафт сокини осоишта кушта ва тақрибан 40 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG