Пайвандҳои дастрасӣ

Сейм – парлумони Литва рӯзи панҷшанбе ба таври фаврӣ қонун дар бораи эҳёи даъват ба артишро қабул кард. Ба навиштаи хабаргузории DELFI, вазири дифои Литва Юозас Олекас дар суханронӣ дар парлумон гуфт, ки ин тасмим бо тағйири вазъи геополитикӣ ва, қабл аз ҳама, ҳаводиси Украина бастагӣ дорад.

Тарҳи қонун дар бораи эҳёи даъват ба артиш аз сӯи ҳама ҷиноҳҳои сиёсии Сейм тақрибан якдилона пазируфта шуд.

Қонун дар бораи эҳёи хизмати ҳатмӣ барои панҷ сол қабул шудааст. Қарор аст, ки мардони синнашон аз 19 то 26 сола нӯҳ моҳ дар артиши кишвар хизмат кунанд.

Даъвати нахустин моҳи сентябри соли 2015 сурат мегирад.

Хизмати ҳатмӣ дар артиши Литва соли 2008 лағв шуда буд.

XS
SM
MD
LG