Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи Душанбе бо ширкати ситораҳо


Зайнура Пӯлодова
Зайнура Пӯлодова

Аз соати 9 субҳи рӯзи 21 март дар маркази Душанбе барномаи идонаи наврӯзӣ зери унвони «Ҷашнворае аз қалби пойтахт» баргузор мешавад. Ин барнома дар назди маҷмааи савдои «Пойтахт-90» ба таври ройгон ташкил шуда, ҳама сокинони Душанбе метавонанд онро тамошо кунанд. Ба иттилои яке аз ташаббускорони ин барнома продюсер Беҳрӯз Зеваров, дар барномаи идонаи наврӯзӣ қарор аст овозхонҳои маҳбуб Зайнура Пӯлодова, Фаридуни Хуршед, Фарангис, Ҳабиб Ҳакимов ва бисёр дигарон ҳунарнамоӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG