Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду кас дар тирандозӣ дар Гётеборг


Дар Гётеборг, дуввумин шаҳри бузурги Шветсия, бар асари тирандозии афроди ношинос дар як тарабхона ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои полиси маҳаллӣ, дар ин ҳодиса, ки шоми 18 март рӯй дод, аз 10 то 15 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Афроди мусаллаҳ бо автомати Калашников вориди тарабхона шуда, сӯи ҳозирон, ки бозии футболро тамошо мекарданд, оташ кушоданд.

Полис фарзияи амали террористиро рад карда, гуфтааст, тирандозӣ шояд натиҷаи низоъ миёни ду гурӯҳи ҷиноӣ бошад, зеро он дар як минтақаи ноороми шаҳр ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳамлагарон аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустуҷӯи ҳамлагарон идома дорад.

XS
SM
MD
LG