Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден, ноиби раисиҷумҳури ИМА ва Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, дар як сӯҳбати телефонӣ таҳримҳои оянда алайҳи Русияро бо татбиқи созиши сулҳи дар Минск ҳосилшуда рабт доданд. Сӯҳбати телефонӣ рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд. Дар изҳороти муштараки онҳо гуфта шудааст, дар ҳоле, ки Русия дар Украина донаи хушунату бесуботӣ мекорад, ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд барои муҷозоти Маскав барои ин аъмолаш омода бошад.

Ҷо Байден ҳамчунин аз тасмими парлумони Украина дар бораи мақоми вижаи манотиқи аз сӯи ҷудоихоҳон забтшудаи Донбасс ва ираои ҳаққи идораи мустақилонаи ин манотиқ баъд аз интихоботи мақомоти маҳаллӣ бар пояи қавонини Украина ҷонибдорӣ кард.

Тасмими Верховная Радаро Русия ва ҷудоихоҳон рад карданд.Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи 18 март гуфт, ки парлумони Украина талоши бознависии созиши 12 феврал дар Минск қабулшударо кардааст.

XS
SM
MD
LG