Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои амнияти СММ ҳамла ба осорхонаи Тунисро, ки бар асари он, ба иттилои ахир, 21 нафар, кушта шуданд, шадидан маҳкум кард. Дар изҳороти Шӯрои амният, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, омадааст, ягон ҳамлаи террористӣ садди ин кишвари африқоӣ дар роҳ сӯи демократия нахоҳад шуд.

17 нафар аз қурбониёни ин ҳамла ба осорхона, ки рӯзи 18 март сурат гирифт, сайёҳони хориҷӣ – шаҳрвандони Австралия, Испания, Италия, Колумбия, Лаҳистон, Фаронса ва Ҷопонанд. Дар ҳамла ду сокини маҳаллӣ, аз ҷумла, як корманди полис ҳам ба ҳалокат расидаанд. Беш аз 40 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Нерӯҳои амниятии Тунис ду нафар аз ҳамлагаронро ҳадафи тир қарор доданд, ҷустуҷӯи ҳампаймонҳои эҳтимолии онҳо идома дорад.

Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар бинои ҳамшафат – парлумони Тунис баррасии қонун дар бораи ташдиди мубориза бо терроризм идома дошт.

Раисиҷумҳури Тунис Бейҷӣ Кайд Эссебсӣ дар як изҳорот аз тариқи телевизиони давлатӣ хостори муборизаи беамон бо терроризм шуд. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол Тунис дар ҳоли ҷанг бо террор қарор дорад.

Теъдоди бузурги сокинони шаҳри Тунис парчамҳои давлатӣ ва шамъҳо дар даст ба хиёбонҳо рехтанд ва ҳамларо шадидан маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG