Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон


Имрӯз дар шаҳри Душанбе, нишасти комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз ба кор кард. Масъулони дафтари матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин нишаст бо ширкати ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бинои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон шурӯъ шудааст.

Ба таъкиди ин манбаъ, ҳамраисии комиссия аз ҷониби Тоҷикистонро Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии ин кишвар ва аз ҷониби Қазоқистонро Талгат Ахсамбиев, муовини вазири энергетикаи он кишвар бар дӯш доранд. Ин манбаъ афзуд, ки ҳайатҳо дар ин комиссия дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бахшҳои мухталифро баҳсу баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, ки дар поёни нишасти комиссия муштарак, як санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо бирасад.

Баргузории нишасти комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки ин кишвари Осиёи Марказӣ пас аз Русия ва Чин, саввумин кишвари дар саҳми тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро дорад. Қазоқистон аз кишварҳои асосии воридкунандаи орду гандум ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар соли 2014 мизони тиҷоратии Тоҷикистон бо Қазоқистон беш аз 740 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ҳудуди 14 дар сади ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG