Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии "Истиқлол" бо "Ал-Қодсия" дар Кувайт


​Рӯзи 18-уми март “Истиқлол”-и Тоҷикистон бозии даври севуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-ро муқобили “Ал-Қодсия”дар Кувайт бо ҳисоби мусовии 2-2 анҷом дод.

Бозии даври севуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) байни дастаҳои “Ал-Қодсия”, қаҳрамони 16-каратаи Кувайт, инчунин барандаи феълии Ҷоми AFCва “Истиқлол”, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон,бо ҳисоби мусовии 2-2 хотима ёфт. Ин бозӣ 18-уми март дар варзишгоҳи «Алӣ Сабоҳ Ал-Салим»-и Эл-Кувайт баргузор шуд.

Ҳайатҳои дастаҳо дар ин бозӣ чунин буд:

"Ал-Қодсия" (Кувайт): 22. Наваф Ал-Халдӣ. 3. Аҳмад Ал-Дефирӣ. 8. Абдулраҳмон Аленезӣ. 8. Солеҳ Шайх (25. Дхару Сайёд, 74).11. Фаҳид Ал-Иброҳим. 14. Талал Ал-Амир. 17. Бадр Ал-Мутава. 24. Абдуллоҳ Шайху. 32. Иван Нагаев (31. Даниэл Суботич, 62). 37. Рашид Сусайла. 40. Файсал Абдуллоҳ.

"Истиқлол" (Тоҷикистон): 1. Никола Стошич. 2. Сиёвуш Асроров. 15. Петро Ковалчук (3. Соҳиб Саванкулов, 56). 4. Эраҷ Раҷабов (39. Парвиз Умарбоев, 80). 19. Аҳтам Назаров. 8. Нуриддин Давронов. 18. Фатҳулло Фатҳуллоев (7. Умедҷон Шарифов, 60). 9. Хуршед Маҳмудов. 10. Бледа Родригес. 17. Дилшод Восиев. 63. Манучеҳр Ҷалилов.

Сардовари бозӣ: Муҳаммад Мӯсо Халаф Абу Лума (Урдун).

Мизбонон ҳисобро дар дақиқаи 3-юм боз карданд. Тӯбро Бадр Ал-Мутава, бозигари “Ал-Қодсия, аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 36-ум ҳисобро баробар намуд. Дилшод Восиев голи дувуми “Истиқлол”-ро дар дақиқаи 45+1 зад. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2-1 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 54-ум, Бадр Ал-Мутава ҳисобро баробар кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”,ҳимоятгар Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, легионери эронӣ, ба иллати мушкили раводид натавонист ба Кувайт парвоз кунад. Ба ҷуз вай, ҳимоятгар Ҷаҳонгир Ҷалилов, ки кортҳои барзиёди зард гирифтааст, дар бозӣ муқобили «Ал-Қодсия» ширкат надошт.

Рӯзи 18-уми март бозии дигари гурӯҳи “С” байни дастаҳои "Аҳал "-и Туркманистон ва"Эрбил"-и Ироқ бо пирӯзии мизбонон – футболбозони туркман –бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расид.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “С” тими “Ал-Қодсия” бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол” бо 4 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Аҳал” ва “Эрбил” бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозиаш рӯзи 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими “Эрбил”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми АФК-2014, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

“Истиқлол” дар даври дувуми сабқати гурӯҳӣ бар тими “Аҳал”, барандаи Ҷоми Туркманистон–2014, бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Ин бозӣ 11-уми март дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон барпо гардида буд.

Бояд тазаккур дод, "Ал-Қодсия" дар Ҷоми AFC бори севум бо бошгоҳҳои футболи тоҷик рақобат кард. Дар мавсими соли 2013 кувайтиҳо дар сабқати гурӯҳӣ бар дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ду бор бо ҳисобҳои 3:0 ва 3:1пирӯз шуда буданд. Аз 6 голи ба дарвозаи “Равшан” задашуда 4-тоаш ба Бадр Ал-Мутава мутааллиқ аст.

Бозиҳои даври чоруми сабқати гурӯҳи “С” рӯзи чоршанбеи 15-уми апрел байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) ва «Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон) барузор мешавад.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1:3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) - 2:0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2-2

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ) -2-1

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

XS
SM
MD
LG