Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи кушташудагони Тунис ба 19 нафар расид


Ҳабиб Эссид-нахуствазири Тунис мегӯяд, дар ҳамлаи мардони мусаллаҳ дар осорхонаи назди бинои порламони ин кишвар 19 нафар кушта шудаанд, ки 17 нафари онҳо сайёҳи хориҷӣ будаанд.

Ба гуфтаи оқои Эссид, 22 сайёҳи хориҷӣ ва ду шаҳрванди Тунис дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамла замоне ба поён расидааст, ки нируҳои амниятӣ ду марди мусаллаҳро ба қатл расонданд. Ин ду мард чанд нафар сайёҳонро гаравгон гирифта буданд. Бо кушта шудани ду марди мусаллаҳ гаравгонон раҳо шуданд.

Дар миёни кушташудагон шаҳрвандони Олмону Полша ва Испания будаанд. Тунис, ки аслан ҷои тамошои сайёҳони аврупоист аз соли 2011 ба ин сӯ, яъне аз замони сарнагун кардани Зайн-ал-Обиддин Бен Алӣ –диктатори пешини ин кишвар аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба сайёҳон эмин буд.

XS
SM
MD
LG