Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар консерт суханронӣ мекунад


Интизор меравад, ки Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар консерте ба муносибати пайвастани Қрим ба Русия дар майдони назди Кремли Маскав ҳозр шавад. Матбуоти Русия гуфтааст, ки Путин дар ин консерт дар баробари ҳозирин суханронӣ хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Афви Байналмиоллал ё Amnesty International мегӯяд, ки мақомоти Қрим дарвоқеъ натавонистаанд ба як силсила одамрабоиҳо ва шиканҷаи мухолифони худ расидагӣ кунанд. Баръакс раҳбарони Қрим норозиёни сиёсиро саркӯб кардаанд ва фазои тарсу ҳарос ба вуҷуд овардаанд, ки дар натиҷа норозиёни ошкор Қримро тарк кардаанд.

Гузориши нави Афви Байналмиллал 18 март дуруст дар рӯзе ба нашр расид, ки Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия бо раҳбарони рӯ ба Маскави Қрим созишнома имзо намуд ва ин нимҷазираи Баҳри Сиёҳро ба Русия ҳамроҳ кард. Ин иқдом мавриди интиқоди шадиди маҳофили байналмиллалӣ қарор гирифт.

Дар гузориши Афви Байналмиллал омдааст, ки аз рӯзи пайвастани Қрим ба Русия дар ин минтақа дасткам 7 нафар рабуда шудаанд ва то ҳол сарнавишти онҳо номаълум боқӣ мондааст.

Ҷасади як шахси дигари рабудашударо пайдо кардаанд, ки дар он осори шиканҷа мушоҳида шудааст. Афви Байналмиллал мегӯяд, мақомот аз шеваҳои таҳдиду тарс додан истифода мекунанд, дар қонунҳо маҳдудият ҷорӣ мекунанд, то “даҳон”-и матбуот ва созмонҳои ғайридавлатиро бибанданд.

XS
SM
MD
LG