Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тунис мегӯяд, ки дар ҳамлаи мардони мусаллаҳ дар осорхонаи назди бинои порламони ин кишвар 7 сайёҳи хориҷӣ кушта шудаанд. Вазорати дохилаи ин кишвар мегӯяд, ҳамла замоне ба поён расид, ки нируҳои амниятӣ ду марди мусаллаҳро ба қатл расонданд. Ин ду мард чанд нафар сайёҳонро гаравгон гирифта буданд. Бо кушта шудани ду марди мусаллаҳ гаравгонон раҳо шуданд.

Вазорати дохила мегӯяд, ки аз нируҳои амниятӣ низ дар ин амалиёт як нафар кушта шудааст. Вазорати дохила мегӯяд, ки 7 сайёҳ ва як шаҳрванди Тунис дар назди Осорхонаи Бардо дар назди бинои порламон ба қатл расидаанд. Телевизиони давлатӣ низ гуфтааст, ки дар ин ҳамла шуморе аз одамон ҷароҳат бардоштаанд.

Тунис, ки аслан ҷои тамошои сайёҳони аврупоист аз соли 2011 ба ин сӯ, яъне аз замони сарнагун кардани Зайн-ал-Обиддин Бен Алӣ –диктатори пешини ин кишвар аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба сайёҳон эмин буд.

XS
SM
MD
LG