Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мегӯяд, аз 14 зодаи ин ноҳия, ки дар ҷанги Сурия ширкат доштанд, 3 нафаравшон кушта шудаанд, вале 11 тани дигар ҳамчунон дар сафи гурӯҳҳои мухталифи умдатан тундрав алайҳи режими Башор Асад меҷанганд. Қаблан шумори ҷангиён аз Бохтар дар Ховари Миёна 9 нафар гуфта мешуд.

Садриддин Тағоев, сардори бахши дин дар ҳукумати ноҳияи Бохтар рӯзи 18 март ба Радиои Озодӣ гуфт: “Рӯйхати онҳоро дорем, ки аввал кам буд, вале ҳоло ба 14 нафар расида, сеи онҳо кушта шудаанд."

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, аз ин кишвар то 300 нафар дар Ховари Миёна ва аксаран дар сафи гурӯҳҳои марбут ба созмонҳои тундраве, чун "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ун-нусра" меҷанганд. Бархе манобеъ шумори тоҷикҳои кушташуда дар он ҷангҳои бегонаро то 60 нафар мегӯяд.

XS
SM
MD
LG