Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар Лондон ва кӯмак ба Худойбердӣ


Аз ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон аз омодагиҳои наврӯзии худ дар кишварҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ хабар медиҳанд. Созмони хайрияи Tajikinvest Charitable Trust ва сафорати Тоҷикистон дар Лондон 21 март бо ширкати намояндагони ҷамъиятҳои тоҷики муқими кишварҳои дигари Аврупо ва дӯстони мардуми тоҷик дар Бритониё Наврӯзро баргузор мекунанд.

Барои ширкат дар ин ҷашн Ҷонибек Муродов-сарояндаи ҷавон аз Тоҷикистон даъват шудааст. Дар ҷараёни ин ҷашн ҳамчунин кӯмакҳои хайрия барои тарбияи истеъдодҳои ҷавон ҷамъоварӣ мешавад. Созмондиҳандагони ин ҷашн кӯмакҳои молии ҷамъшударо ба Худойбердӣ Кокелов-ҷавони 16 солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа мефиристанд. Вай бо модараш зиндагӣ мекунад ва як моҳ пеш барандаи стипендияи мактаби ИСАК-и Ҷопон шуда буд.

Стипендия барои се соли таҳсили вай кӯмак мекунад, вале барои билети ҳавопаймо, бимаи тиббӣ, ва махориҷи дигар вай ба ёрии молӣ ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG