Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони туркмантабори яке аз рустоҳои шимоли ғарби Афғонистон аз мақомот дархост кардаанд, ки ба тирандозии фоҷеабори пулис расидагӣ сурат бигирад. Ҳангоме, ки туркмантаборон дар назди бинои идории шаҳраки Қарқин гирдиҳам омаданд, пулис ба сӯи онҳо оташ кушод. 5 нафар кушта, 12 нафари дигар захмӣ шуданд.

Туркмантаборони Афғонистон тақозо мекарданд, ки ба онҳо кӯмак кунанд, то Туркманистон-кишвари ҳамсоя заминҳои онҳоро дар марз моли худ накунад. Туркманистон даъво кардааст, ки ин заминҳо қаламрави ин кишвар аст.

Ҳоҷӣ Анвар-раҳбари Ҷунбиши ҳамбастагии туркманҳои Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар Шибирғон-маркази вилоят бо мақомот мулоқот кардаанд ва аз онҳо хостаанд, ки ба қазияи тирандозии пулис ва куштори одамон ва ҳамчунин барои дифоъ аз заминҳояшон кӯмак кунанд.

Сокинони рустоҳо мегӯянд, ки онҳо ба дасти намояндагони худ як номаи дастаҷамъиро дар Кобул ба муовини раиси порламони Афғонистон супурдаанд.

Абдураҳмон Маҳмудӣ-муовини вулусволи Қарқин ба сокинони рустоҳо гуфтааст, пулисе ки фармони тирандозиро додааст, ба минтақаи дигар ба кор фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG