Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 17 муҳоҷири узбаку тоҷик дар Брянск


Акс аз маҳалли садама дар роҳи Брянск - Новозибков
Акс аз маҳалли садама дар роҳи Брянск - Новозибков

Ду тан аз 17 мусофири ҳалокшуда дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Брянск - Новозибкови Русия шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Ин 17 нафар рӯзи 15 март бар асари ба мошини боркаши "Рено" бархӯрдани як микроавтобуси ҳомили муҳоҷирон аз Узбакистону Тоҷикистон ҷон бохтанд. Аксари қурбониён аз Узбакистонанд.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ду қурбонии тоҷики ин садама яке Ҳасанов Вайсиддин Кабутович, рӯзи таваллудаш 21.01.1982, зодаи ноҳияи Нуробод ва дувумӣ Саидхоҷаев Сикандар Шумқорович, рӯзи таваллудаш 19.01.1990, зодаи ноҳияи Тоҷикобод будаанд.

Намояндаи сафорат афзуд, консули Тоҷикистон дар Русия Ашраф Гулов дар як тамоси телефонӣ масоили марбут ба ташкили кумакҳо ба хешовандони қурбониҳо ва таҳияи аснод барои ирсоли ҷанозаҳо ба Тоҷикистонро бо раҳбарони ниҳодҳои изтирории вилояти Брянск баррасӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG