Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии гузориши Оҷонсӣ дар вазорати хориҷӣ


Имрӯз дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ, гузориши 120 саҳифагии таҳлилии Оҷонсии назорат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонси назорат ба гардиши ғайриқонии маводи мухаддир рӯзи 18 март ба Радиои Озодӣ гуфт, гузориши таҳлилии зидди нашъамандӣ, ки соли 2014 аз ҷониби мутахассисони Оҷонсӣ дар ҳаҷми 120 саҳифа таҳия шудааст, имрӯз дар вазорати умури хориҷӣ бо ширкати намояндагони сафоратхонаи кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои марбути кишвар, баррасӣ мешавад. Вай афзуд, гузориш масъалаи қочоқи маводи мухаддир дар кишвар, мизони муътодӣ, масъалаи таҳкими гузаргоҳҳои марзӣ бо Афғонистонро мавриди бозрасӣ қарор дода, вазъи умумии Тоҷикистон ва минтақаро дар баробари мушкили маводи мухаддир, нишон додааст. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматуллоев, дар гузориш аз ҷумла омадааст, ки дар чанд соли ахир баъди он, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Афғонистон хатти марз таҳким бахшида шуд, мизони қочоқи маводи мухаддир коҳиш ёфтааст. Вай гуфт, баъди анҷоми баррасии гузориш, матни он нашр шуда, ҳамчунин ба шакли китоб ба дасти хонанда хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG