Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муаллим бо $1300 пора


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бо оғози давраи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи артиш, Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон аз ҳодисаи фурӯши билети ҳарбӣ дар яке аз муассисаҳои таълимии вилояти Суғд хабар дод. Олимҷон Забирзода, сухангӯи Оҷонсии зидди коррупсия рӯзи 17 март ба Радиои Озодӣ гуфт, омӯзгори тайёрии ҳарбии мактаби миёнаи рақами №38-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Исматов Абдуқаюм ҳини гирифтани 500 доллар барои билети ҳарбӣ, дастгир карда шуд. Манбаъ афзуд, Абдуқаюм Исматов рӯзи 12 март ҳини гирифтани пул аз як сокини ҷамоати Хистевази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи кормандони ин ниҳод дар вилояти Суғд боздошт шудааст. Сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Бобомуллоев К.Қ. дар авоили моҳи равон ба раёсати Оҷонсӣ муроҷиат намудааст, ки Исматов Абдуқаюм аз ӯ барои омода кардани билети ҳарбӣ 1300 доллар талаб кардааст.

Дар ибтидо рӯзи 6 март омӯзгори омодагии ҳарбӣ Исматов 200 доллар аз ин маблағро гирифта талаб кардааст, ки 1100 доллари дигарро биёрад. Аммо як ҳафта баъд ҳангоми гирифтани 500 доллари дигар Абдуқаюм Исматов боздошт шудааст. Дар ҳоли ҳозир Оҷонсии зидди коррупсия алайҳи ин омӯзгор парванда боз намуда, ӯро бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» яъне қалобии такрорӣ айбдор медонад.

Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон рӯзи 12 март фармон дар бораи рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбиро содир кард.

XS
SM
MD
LG