Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори сокинони Оқтав дар ростои интихобот


Дар Қазоқистон сокинони шаҳраки Оқтау гуфтаанд, ки дар райдиҳии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат нахоҳанд кард, агар ҳукумат мушкили онҳоро ҳал накунад ва сокинони ин шаҳракро ба ҷои дигар кӯч надиҳад.

Даҳҳо нафар сокинони ин шаҳрак ҳафтаи гузашта ба эътироз баромаданд ва хостанд, ки ҳукумат як маркази гармидиҳанда созад ва боми хонаҳоро таъмир кунад.

Сокинон ҳушдор доданд, ки агар чунин нашавад, онҳо 26 апрел дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар райдиҳӣ ширкат нахоҳанд кард.

Дар ин шаҳрак даҳҳо хонаи панҷошёна холӣ мондаанд ва сокинон онҳоро тарк кардаанд. Баъзеҳои дигар барои гарм кардани хонаҳои худ аз бухориҳои худсохти барқӣ истифода мекунанд. Дар ин шаҳрак 8 600 нафар ба сар мебаранд.

Сардии зимистон дар ин минтақаи биёбонӣ ба 40 дараҷаи зери сифр мерасад ва дар он ҷо зиндони давраи Шӯравӣ ҷойгир буд.

XS
SM
MD
LG