Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокирот дар бораи тарҳи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизстон бо муваффақият пеш меравад. Ин тарҳ аз 6 то 6,5 миллиард доллар арзиш дорад. Дар ин бора Қалиқбек Султонов-вазири нақлиёт ва алоқаи Қирғизистон хабар дод.

Вай гуфтааст, ки ҳар ду ҷониб роҷеъ ба ин тарҳ ба созиш расидаанд. Бар асоси ин созиш Қирғизистон барои сохтмони ин роҳ ба Чин замин ҷудо мекунад ва худи Чин ин роҳ ва зербинои марбут ба онро месозад.

Дар ивази замини ҷудошуда Чин ба Қирғизистон дар наздикии яке аз шаҳрҳои бандарии худ 17 ҳектор замин медиҳад, то Қирғизистон битавонад дар он ҷо терминалҳои бору колои воридотӣ ва содиротии худро бунёд кунад.

Дар имтидоди ин роҳ тақрибан 100 километр нақб ё туннел сохта мешавад. Султонов гуфтааст, ки бари ин роҳ дар қаламрави Қирғизистон паҳнтар ва дар қаламрави Чин бориктар хоҳад буд. Дар ин бора ҳам ҷонибҳо ба созиш расидаанд.

XS
SM
MD
LG