Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки Кабирӣ дар 2 нишасти Малайзия


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Форуми Осиё барои сулҳ ва рушд ва ҳамчун ширкат дар Анҷумаин байналмилалии "Ваҳдати уммати исломӣ" ба Малайзия сафар кардааст. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 17 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин нишаст шахсиятҳои саршиноси ҷаҳони ислом ширкат доранд, ки аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳузур дорад.

Ҷаласаи Форуми Осиё барои сулҳ ва рушд (Asian Forum for Peace & Development), ки як сол пеш аз тарафи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар Осиё таъсис ёфтааст, дар бораи вазъи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ, чолишҳо ва роҳҳалҳо, аз 17 то 19-уми марти соли ҷорӣ давом хоҳад кард. Интизор меравад, ки Муҳиддин Кабирӣ ҳам дар ин форум сӯҳбат кунад. Сипас, Анҷумани сеюми байналмилалии "Ваҳдати уммати исломӣ", ки аз тарафи Ҳизби исломии Малайзия (PAS) ва дафтари Абдулҳоди Аванг, муовини раҳбари Иттиҳоди оламии уламои мусалмон, ки роҳбарии ин иттиҳодро шайх Юсуф Қарзовӣ бар дӯш дорад, аз 20 то 22-юми март баргузор хоҳад шуд. Ин анҷуман дар баробари баҳсу баррасии мушкилоти мусалмонон, бештар дар бораи бӯҳрони Фаластин ва мушкилоти фаластиниён, тамаркуз хохад кард.

XS
SM
MD
LG