Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯ дар бозори "Адмирал" ба поён расид


"Адмирал" баъд аз сӯхтор
"Адмирал" баъд аз сӯхтор

Гурӯҳҳои наҷот дар маркази тиҷоратии “Адмирал” дар шаҳри Қазон ҷусутуҷӯи маҳали сӯхторро ба поён расондаанд ва мегӯянд, ки дигар ҷасаде дар ин вайрона нест.

Дафтари матбуотии раёсати умумии ҳолатҳои фавқулоддаи Тотористон ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, “дигар имкони пайдо кардани ҷасаҳо вуҷуд надорад”.

Дар ин маркази тиҷоратӣ 11 март сӯхтор рух дод. Бино ба маълумоти ахир, дар сӯхтор 17 нафар ба ҳалокат расид. Ду нафар бедаракшуда дониста мешаванд.

Дар дафтари муоинаи тиббӣ-додгоҳии Тотористон гуфтаанд, ки рӯзҳои ахир ҷасади 13 қурбонии сӯхтор ба хешовандонашон супурда шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷасади 17 нафар шиносоӣ шудааст. Аз онҳо 9 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ин манбаъ мегӯяд, 2 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, 4 нафар аз Узбакистон, 1 нафар аз Озарбойҷон, 1 нафар аз Қирғизистон ва 1 нафари дигар аз Туркия будаанд.

XS
SM
MD
LG