Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Қаҳҳоров: "Изҳорот дар бораи марз воҳима аст"


Абдураҳим Қаҳҳоров
Абдураҳим Қаҳҳоров

Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 17 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир марзи кишвар бо Афғонистон ором аст ва ҳеч таҳдид вуҷуд надорад. Ӯ изҳороти ахири бархе аз мақомҳои Русияро дар бораи вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон “як воҳима” номид.

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло нерӯи дифоии кишвар дар амри хунсо кардани ҳаргуна таҳдид ба хоки Тоҷикистон кофӣ аст.

Қаблан Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия рӯзи 5 март зимни нишасти хабарӣ дар Маскав гуфта буд, гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҳузури фаъол дорад ва ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG