Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон 12 нафар зиндониёнро ба дор кашид. Ин бузургтарин шумора аст, ки дар ин кишвар баъди аз миён бардоштани мараторияи қатл дар як рӯз ба дор кашида шуданд. Моҳи декабри соли 2014 мараторияи эъдом аз миён бардошта шуд.

Сухангӯи вазорати дохилаи Покистон 17 март гуфт, дар миёни ононе, ки ба дор кашида шуданд, танҳо террористҳо нестанд, балки ононе низ ҳастанд, ки “ҷиноятҳои сангин” содир кардаанд.

Нахуствазир Навоз Шариф 17 декабри соли гузашта баъди ҳамлаи Толибон ба як мактаб ва куштори 150 шогирд ва омӯзгори он мараторияи қатлро бекор кард.

Аз рӯзи бекор кардани мараторияи ҳукми қатл то ҳол 27 нафар ба дор кашида шудаанд, ки аксари онҳо барои даст доштан дар аъмоли террористӣ муттаҳам шуда буданд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки аксари муттаҳамон ба ҳукми қатл муносиб нестанд. Ҳоло дар ин кишвар бештар аз 8 000 нафар мумкин аст ба қатл маҳкум шаванд.

XS
SM
MD
LG