Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи иттилои расмӣ, нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар авоили моҳи апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 17 март зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нишасти шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар таърихи 1 ва 2 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Густариши равобиту ҳамкориҳои миёни кишварҳои узви СПАД ва таҳкими суботу амният дар минтақа, дар пасманзари таҳавуллоти минтақа ва ҷаҳон, аз масоили мавриди гуфтугӯ дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон аст. Дар ҳамин ҳол вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омодагиро барои баргузории ин нишаст рӯи даст гирифтааст

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳафтаи гузашта, Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар сафари чоррӯза ба Тоҷикистон, бо мақомоти баландпояи ин кишвар, раёсати Тоҷикистон дар ин созмон дар соли ҷорӣ ва омодагиҳо ба нишасти вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва котибони амнияти кишварҳои узви СПАД-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод. Ба гуфтаи ҷаноби Бордюжа, ин нишастҳо дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ доир мешаванд. Дар мулоқоти сарони СПАД дар Маскав дар моҳи декабри соли гузашта, раёсати ин созмон дар соли 2015 ба Тоҷикистон вогузор гардид. Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон аз кишварҳои узви СПАД мебошанд.

XS
SM
MD
LG