Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсия ё Шӯрои мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз таътили 6-рӯзаи мардуми Тоҷикистон дар ҷашнии Наврӯз хабар дод. Бахтиёр Абдуллоев, муовини раиси Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 17 март зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имсол дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз 6 рӯз, яъне аз 21 март то 26 март истироҳат хоҳад шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, ҳарчанд таътили расмии ҷашни Наврӯз чор рӯз, яъне рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март аст, аммо бо таваҷҷӯ ба он, ки ду рӯзи аввал, яъне 21 ва 22 март дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост меояд, мардуми Тоҷикистон ду рӯзи дигар, яъне 25 ва 26 март низ истироҳат хоҳанд кард.

Шаш рӯз таътил эълон шудан дар ҷашни Наврӯз дар соли ҷорӣ дар ҳолест, ки соли гузашта низ мардуми Тоҷикистон дар аёми Наврӯз шаш рӯз истироҳат карда буданд. Ба таъкиди масъулони Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, бо дар назар гирифтани рӯзҳои шанбеву якшанбе дар моҳи март, 14 рӯз истироҳат хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол маъракаҳои аслии таҷлил аз Наврӯз, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд сурат мегирад. Гуфта мешавад, таҷлили Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 21, 22 ва 23 март баргузор хоҳад шуд. Аммо дар шаҳри Душанбе рӯзи 23 март дар тамоми шаҳр аз соати 8 то 17 маъракаи сабзкорӣ сурат гирифта ва Наврӯзи умумишаҳрӣ дар таърихи 24 март дар боғи «Наврӯзгоҳ» доир мегардад. Ҳамин тавр, рӯзи 25 март мардуми Кӯлоб аз иди Наврӯзи оламафрӯз, таҷлил ба амал меоранд.

XS
SM
MD
LG