Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон маълум шуданд


Рақибони мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Осакаи Ҷопон маълум шуданд.

Рақибони мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи байналмилалии «Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme», ки аз 25 то 29 март дар Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, маълум шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Қирғизистон, Туркманистон, инчунин Академияи Ассотсиатсияи футболи Ҷопон ва КФ «Токио» бозӣ мекунад. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Узбакистон, Афғонистон, Эрон, Ҷопон, инчунин тими ҷопонии «Киото Санга» дохиланд.

Футболбозони навраси тоҷик бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов нахустин бозиашро рӯзи чоршанбеи 25 март бо дастаи наврасони«Токио» анҷом медиҳанд. Ин бозӣ соати 9.30 ба вақти маҳаллӣни (5.30 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Дар ин рӯз, инчунин футболбозони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Академияи Ассотсиатсияи футболи Ҷопон рақобат мекунанд. Бозӣ соати 14.00 ба вақти маҳаллӣ (10.00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Рӯзи 26 март мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тимиҚирғизистон вориди рақобат хоҳад шуд. Оғози ин бозӣ - соати 5.30 ба вақти Душанбе. Бозии охирини даври гурӯҳиро мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 27 март бо дастаи Туркманистон анҷом медиҳад.Ин бозӣ соати 6.50 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Бар асоси дастури мусобиқа бозиҳои даври гурӯҳӣ аз як давра иборат аст. Ҳар як бозӣ 60дақиқа(ду қисми 30-дақақаӣ) идома мекунад.Аз рӯи натоиҷи даври пешакӣ ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои баъдӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG