Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Ироқ мегӯянд, Тикритро мегиранд


Фармондеҳони нерӯҳои Ироқ, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломиро дар шаҳри Тикрит муҳосира кардаанд, мегӯянд, интизор доранд, то рӯзи 17-уми март, шаҳрро комилан таҳти назорати худ дароранд. Ҷангҷӯёни гурӯҳи мазкур, ки шумораашон назар ба теъдоди сарбозони давлат бисёр кам аст, аз ҳама тараф муҳосира шуда ва дар чанд ноҳияву маркази шаҳр банд мондаанд. Вале ҷангҷӯён бо истифода аз снайперу бмобгузорӣ дар роҳи нерӯҳои давлатӣ, ҳаракати онҳоро суст кардаанд. Нерӯҳои 30 ҳазор нафарии давлатӣ ҳамроҳ бо размандони қабилаҳои суннӣ ва шибҳанизомиёни шиамазҳаб, ки Эрон онҳоро кӯмак мекунад, ҳафтае пеш дар амалиёт барои озод кардани Тикрит пешрафт карданд.

XS
SM
MD
LG