Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи 16-уми март барои ноил шудан ба имзои созиши муҳим дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон гуфтӯгу карданд. Мулоқот дар шаҳри Лозанеи Швейтсария дар ҳоле сурат гирифт, ки бар тибқи мувофиқати тарафҳо бояд, чаҳорчӯби созишномаи атомӣ бо Эрон то охири моҳи март таҳия шавад. Бар асоси ин созишнома, Эрон бояд фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад ва дар иваз таҳримоти байналмилалии иқтисодии алайҳи он кишвар сабук карда шавад. Созишномаи ниҳоии атомӣ бо Эрон бояд то 30-уми июн ба имзо расад. Дипломатҳои амрикоӣ ва Эрон ва мутахассисони атомӣ рӯзи 15-уми март дар остонаи мулоқоти Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфтӯгу карданд. Вазири умури хориҷии Эрон охири ҳамин моҳ бо намояндагони Амрико ва ва 5 қудрати ҷаҳонии дигар, Чину Русия, Бритониёву Фаронса ва Олмон гуфтӯгу мекунад. Ҷон Керрӣ рӯзи 15-уми март дар Миср гуфт, аксари мушкилоте, ки монеи имзои созишнома ҳаст, мушкилоти сиёсӣ аст.

XS
SM
MD
LG