Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаҳои Алишеру Эмомалиро фиристоданд


Бозори сӯхтаи "Адмирал" дар Қазон
Бозори сӯхтаи "Адмирал" дар Қазон

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шоми 15 март ҷанозаҳои боз ду қурбонии тоҷики сӯхтори бозори “Адмирал”-и шаҳри Қазон, пойтахти Тотористони Русияро бо парвози Қазон-Душанбе ба Тоҷикистон фиристодаанд. Алишер Азимови 19-сола аз шаҳри Душанбе ва Эмомалӣ Риёеви 31-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷумла 6 шаҳрванди Тоҷикистонанд, ки дар сӯхтори шаби 11 март дар бозори Қазон ҷон бохтанд. Ҷамъи қурбониёни ин сӯхтор 17 нафар гуфта мешавад.

Иброҳими Аҳмад, сухангӯи Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзи 16 март ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски 3 тан аз тоҷикони ҳалокшуда – Эмомалӣ Риёев, Қосимҷон Тӯраев ва Ҳикматулло Ҳайтуллохон – шаҳрвандии Русияро ҳам доштанд,наздикони онҳо низ аз ҳукумати Русия 1 миллион рубл ҷуброн хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG