Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин: "Касе майли ҷангро надошт"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар як филми мустанади аз пеш сабтшуда дар бораи ишғоли нимҷазираи Қрим мегӯяд, омода буд, ҳангоми ҷанҷолҳо бар сари бӯҳрони Украина ва Қрим силоҳҳои атомии Русияро ба ҳолати омодабош дароварад. Ин филми мустанади тақрибан сесоатиро бо номи “Қрим. Роҳ ба сӯи ватан” рӯзи 15-уми март дар телевизиони давлатии “Россия 1” намоиш доданд. Владимир Путин дар ин филм гуфт, ӯ мутмаин набуд, ки кишварҳои ғарбӣ барои роҳ надодан ба ишғоли Қрим мудохилаи низомӣ хоҳанд кард ва ё не, вале ӯ барои “бадтарин сенарияи таҳаввулот” омода буд. Владимир Путин дар ин филм гуфт, бисёре аз раҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба ӯ занг зада мегуфтанд, ки аз амалкардаш дар Қрим даст кашад, вале ӯ дар посух гуфтааст, ки “Қрим қаламрави таърихии мо аст" ва мардуми руси онҷо “дар хатар ҳастанд ва мо онҳоро наметавонем, раҳо кунем.” Ба гуфтаи Владимир Путин, ҷавоби ӯ он қадар “самимӣ ва боз” буд, ки ягон кишвар “майли оғоз кардани ҷангро” надошт.

XS
SM
MD
LG