Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ "Самак"-ро 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кард


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо даъвои шоири шинохта Аскар Ҳаким, ҳафтаномаи «Самак» ва рӯзноманигори он Шаҳбози Нурро барои мақолаи «Зиёиёни бемушкили тоҷик ва ё чаро зиёиён дар мулоқот бо Президент танҳо мадҳия мехонанд?», ба маблағи 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ҷарима кард. Ҷасур Абдуллоев, сардабири ҳафтаномаи “Самак” рӯзи 16 март ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи додгоҳие, ки бо даъвои Аскар Ҳаким аз болои ҳафтаномаи «Самак» дар додгоҳи Фирдавсӣ идома дошт, ҳафтанома ва муалифи мақоларо 10000 сомонӣ ҷарима кард. Ҷасур Абдуллоев гуфт, ба ҳалномаи додгоҳи Фирдавсӣ розӣ шуда наметавонанд ва алайҳи он ба зинаи болоии додгоҳӣ шикоят хоҳад бурд. Баҳси ҳафтаномаи “Самак” бо шоири шинохтаи тоҷик Аскар Ҳаким аз соли 2013 ба ин тарафи идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ин баҳси судӣ дар заминаи як хатои техникӣ ба миён омада буд, ки ҳафтанома пас аз як ҳафта барои роҳ додан ба хатои техникӣ тасҳеҳ дода, онро ислоҳ кардааст. Илова бар ин, ҳафтанома дар ҳафтаҳои баъдӣ вокуниши Аскар Ҳакимро бо шарҳи ӯ дар саҳифаи нашрия ба табъ расонида буд. Даъвои дигари Аскар Ҳаким дар мавриди дар нохунак гирифтани калимаи зиёӣ буд, ки ба андешаи ӯ ин маънои зиёӣ набуданро ифода мекунад. Дар матлаби мазкур журналист Шаҳбози Нур калимаи зиёиро дар нохунак гирифта буд, ки аз ин Аскар Ҳаким худро таҳқиршуда ҳисобида ба додгоҳ муроҷиат кард.

XS
SM
MD
LG