Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноӣ зидди соҳибони "Адмирал"


Дар харобаҳои "Адмирал"

Дар харобаҳои "Адмирал"

Кумитаи тафтишоти Русия алайҳи соҳибони маркази тиҷоратии “Адмирал”-и шаҳри Қазон, ки бар асари сӯхтор дар он 17 нафар ба ҳалокат расиданд, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Миллиардер Алексей Сёмин, раиси шӯрои руасои ширкати “АС Менеҷмент” ва Роберт Хайруллин, раиси куллии ин ширкат дар нақзи талаботи бехатарии сӯхтор, сӯиистифода аз мақом ва тақаллуби аснод гумонбар мешаванд.

Ба иттилои Кумитаи Тафтишоти Русия, Хайруллин ва Сёмин соли 2004 биноҳои истеҳсолии корхонаи “Серп и молот”-ро харида, дар он ҷо маркази тиҷоратӣ бунёд карданд. Ҳангоми бозсозии корхона талаботи зидди сӯхтор ба инобат гирифта нашудааст. Муфаттишон мегӯянд, ки Роберт Хайруллин ба мақомоти назоратӣ дар бораи маркази тиҷоратӣ иттилои нодуруст додааст.

Аз ин пештар дар Қазон Ҳусейн Қаҳрамонов, раиси ширкате, ки маркази тиҷоратиро ба иҷора гирифтааст, ва муовини ӯ Николай Каекин боздошт шуда буданд. Онҳо, аз ҷумла, дар он гумонбар мешаванд, ки ҳангоми сӯхтор интиқоли кормандон ба ҷойи амнро ташкил накардаанд.

Фурӯшгоҳи "Адмирал", яке аз бузургтарин марказҳои тиҷоратии Қазон, шаби 11 март ба коми оташ рафт. Дар ин ҳодиса чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG