Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сербия мотами миллӣ эълон шуд


Бар асари суқути чархболи низомӣ дар канори фурудгоҳи шаҳри Белград, пойтахти Сербия, ҳамаи ҳафт сарнишин, аз ҷумла, кӯдаки панҷсола, ки табибон мехостанд ӯро наҷот диҳанд, ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора нахуствазири Сербия Алескандр Вучич рӯзи якшанбе дар нишасти фавқулоддаи ҳукумат хабар дод. Ҷаласаи ҳукумат аз тариқи телевизион ба таври мустақим пахш шуд.

15 март дар Сербия рӯзи мотам эълон шудааст.

Чархболи Ми-17, ки дар он чаҳор халабон, ду табиб ба хотири ҳарчӣ сареътар ба бемористон овардани тифли мариз аз як минтақаи офатзада ба Белград парвоз мекард. Бар пояи иттилои пешакӣ, чархбол бар асари туман ба замин сарозер шудааст.

XS
SM
MD
LG