Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валентин Распутин аз олам даргузашт


Валентин Распутин ва Владимир Путин
Валентин Распутин ва Владимир Путин

Нависандаи маъруфи рус Валентин Распутин шоми шанбе дар арафаи зодрӯзаш аз олам даргузашт. Ба навиштаи расонаҳои чопи Маскав, ӯ 12 март дар вазъи сангин ба бемористон интиқол ёфт ва баъд аз беҳушӣ дигар ба худ наомад.

Валентин Распутин 15 марти соли 1937 дар рустои Аталанкаи вилояти Иркутск дар хонаводаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ӯ факултаи таъриху филологияи донишгоҳи шаҳри Иркутскро хатм карда буд. Аз соли 1967 узви Иттиҳодияи адибони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Асарҳои Раступин “Бизӣ ва фаромӯш накун”, “Падруд бо Матрена”, “Сӯхтор”, “Мӯҳлати охирин” миёни ҳаводорони наср дар шӯравии собиқ маҳбубияти зиёд доштанд.

Валентин Распутин – барандаи чандин ҷоиза - Ҷоизаи давлатии СССР, Ҷоизаи давлатии Русия барои комёбиҳо дар бахши башарӣ, ҷоизаҳои ба номи Толстой, Александр Солженитсин, Достоевский буд. Ӯ аз бунёдгузорони насри рустоии шӯравӣ маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG