Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯҳроб Тӯраев, яке аз шоҳидони сӯиқасд ба ҷони Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи "Гурӯҳи 24" дар Истамбули Туркия баъд аз тақрибан ду рӯзи боздошт ва бозпурсӣ озод гардидааст.

Сӯҳроб Тӯраев, яке аз шоҳидони сӯиқасд ба ҷони Умаралӣ Қувватов дар Истамбули Туркия, баъд аз тақрибан ду рӯзи боздошт ва бозпурсӣ озод шудааст. Ӯ рӯзи 14 март дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, маъмурони пулис аз ӯ бештар дар бораи чӣ гуна ошно шуданаш бо раҳбари кушташудаи "Гурӯҳи 24" ва, инчунин, меҳмонии онҳо дар манзили Сулаймон Қаюмов пурсидаанд.

Сӯҳроб Тӯраев дар робита ба боздошташ аз сӯи пулис мегӯяд, "Сулаймон дар бозҷӯӣ зидди ман баёнот додааст ва бо талаби фармоишгарҳо хостааст, ҳама гуноҳро дар гардани ман бор кунанд. Ба ман гуфтанд, чун як нафари гумонбар аз ман ном бурдааст, бояд ҳатман бозҷӯӣ шавам."

Ба суоли мо дар бораи он ки оё дар ҷараёни бозпурсӣ кормандони полис аз касе ба унвони фармоишгарони эҳтимолӣ ном бурданд ё на, Сӯҳроб посух дод, ки "на, номе зикр нашудааст".

Мусоҳиби мо гуфт, шоми 5 март ҳамроҳи Умаралӣ Қувватов, ҳамсар, ду фарзанди ӯ ва муҳофизонаш дар меҳмонии Сулаймон Қаюмов ҳузур дошт ва дар баробари онҳо заҳролуд шуда буд. Сӯҳроб Тӯраев мегӯяд, дар додгоҳ Сулаймон Қаюмовро аз дур дидааст, аммо маъмурони пулис ба ӯ иҷоза надодаанд, то бо ҳам сӯҳбат кунанд.

"Вақте аз ӯ пурсидам, Сулаймон, дар пушти ин кор кӣ меистад, ақаллан мард барин ҳаминро бигӯй, сарашро хам кард ва ҳарфе назад,"-афзуд ӯ.

Сӯҳроб Тӯраев мегӯяд, ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ тасаввуре ҳосил кард, ки мақомоти пулис аллакай дар бораи чигуна рӯй додани ҳодиса ва муҷримон иттилои фаровон дар даст доранд.

Ӯ меафзояд, дар додгоҳ бо бархе аз гумонбарон рӯ ба рӯ шудааст ва аммо дар бораи теъдод ва ному насаби онҳо чизе гуфта наметавонад, зеро аз мақомоти тафтишотӣ дар бораи фош накардани ин афрод ҳушдори хаттӣ гирифтааст. "Фақат метавонам бигӯям, ки миёни онҳо шаҳрвандони дигар кишварҳо ва одамони чеҳраашон ғайр ҳам ҳастанд. Чанд кас аз боздоштшудаҳо, ки пештар телефонӣ ба Умаралӣ Қувватов ҳарфи тунде зада буданд, озод карда шуданд, зеро даст надоштанашон дар куштор собит шуд".

Сӯҳроб Тӯраев мегӯяд, ки аз шароити боздошти дигар гумонбарон огаҳ нест, аммо шароити худу ӯ хуб буд, "ҳар вақт чой ё қаҳва меоварданд ва ман мунтазам намозҳоямро ҳам мехондам".

Пулиси Туркия, ки ба дунболи куштори Умаралӣ Қувватов нахуст се нафарро ҳамчун гумонбарони таҳия ва татбиқи куштори Қувватов боздошт карда буд, акнун гуфта мешавад, чанд тани дигарро бо гумони ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ ба ҳабс гирифтааст. Сулаймон Қаюмов, сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ, ки ба қавли наздиконаш барои тиҷорат ба Туркия рафта буд, яке аз муттаҳамони аслӣ дар парвандаи куштори раҳбари "Гурӯҳи 24" ба шумор меравад.

Рӯзи 10 март хонаводаи Умаралӣ Қувватов эълон карданд, ки гурӯҳи бозҷӯии бахши зидди терроризми пулиси Истамбул Абубакр – писари 11-солаи ӯро бо се нафари гумонбар дар қатли падараш рӯ ба рӯ кардааст. Қумриннисо Ҳафизова -- ҳамсари раҳбари кушташудаи “Гурӯҳи 24” рӯзи 10 март ба Радиои Озодӣ гуфт, Абубакр дар баробари Сулаймон Қаюмов, инчунин, як марди дигарро шинохтаст, ки “эҳтимол ба қотил монанд буд”. Айни замон исми гумонбарон, шаҳрвандии онҳо ва ҷузъиёти дигари марбут ба ҳувияташон маълум нест.

Умаралӣ Қувватов, аз мунтақидони шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон, шаби 5 ба 6 март дар шаҳри Истамбул аз тири туфанги шахси ношиносе кушта шуд. Ин ҳодиса чанд лаҳза баъд аз он рух дод, ки Қувватов ҳамроҳ бо ҳамсар, ду муҳофиз ва ду писари хурдсолаш (Усмони 6-сола ва Абубакри 11-сола) аз меҳмонии Сулаймон Қаюмов ва аз нафарони ворид ба доираи Қувватов берун шуданд. Баъди куштор ҳамаи онҳо ба бемористон бо нишонаҳои заҳролудшавии бадан интиқол ёфтанд.

Дар ҳоле ки тарафдорони Қувватов куштори ӯро бо фаъолиятҳои сиёсиаш рабт медиҳанд, пулиси Истамбул аз шарҳи ҷузъиёт худдорӣ мекунад. Ҳамсари Қувватов ба матбуоти Туркия гуфтааст, хадамоти амниятии Тоҷикистон дар марги шавҳараш даст доранд. Аммо Абдулфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, Қувватов барои ҷиноятҳои иқтисодӣ мавриди пайгарди қонун қарор дошт ва “касе ба куштори ӯ манфиатдор набуд”.

Соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов чор сол пеш аз Маскав дар бораи мухолифаташ бо ҳукумати Тоҷикистон хабар дод ва наздикони президентро барои азхудкунии тиҷорат ва сарвати бисёрмиллиондолларааш гунаҳкор хонд. Ӯ гуфт, фаъолияти оппозитсионии худро дар чаҳорчӯби созмони “Гурӯҳи 24” роҳандозӣ мекунад ва ҳадафи ниҳоиаш сарнагун кардани ҳукумати Тоҷикистон аст.

9 октябри соли 2014 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро чун як ташаккули экстремистии сиёсӣ мамнӯъ кард ва то ҳол чандин нафарро барои узвият дар ин созмон ба ҷавобгарӣ кашид. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тайи як моҳи охир се нафар - Умедҷон Солиҳов, Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримовро - ба гумони узвият дар "Гурӯҳи 24" аз 16.5 то 17.5 солӣ ба зиндон маҳкум кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG