Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар бозии дувуми санҷишиаш дар Туркия бар тими лигаи севуми Швейтсария«SV Port» бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар бозии дувуми санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар Белеки Туркия бар тими лигаи севуми Швейтсария «SV Port» бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард.

Голҳои мунтахаби ТоҷикистонроМуҳаммадҷони Ҳасан (дақиқаи 23-юм), Эҳсони Панҷшанбе (51 ва 75) ва Алишер Баротов (68) заданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон мунтахаби ҷавонони кишвар дар бозии дувумаш бо чунин ҳайат ба майдон омада буд: Муродулло Саидов, Табрези Давлатмир, Қувватбек Равшанбеков, Наврӯзи Абдул, Абубакр Азимов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷони Ҳасан, Худойдод Узоқов, Ҳоҷибой Зиёев, Отабек Каримов, Саидҷон Шарифов.

Дар ҷараёни бозӣ ҳамдастаҳояшонро инҳо иваз карданд: Беҳрӯз Хайриев, Алишер Сафаров, Шериддин Бобоев, Сироҷиддин Гулмуродов, Фирӯз Ризомов, Алишер Баротов, Муҳаммадҷон Шарифов ва Нуриддин Ҳамроқулов.

Ёдвар мешавем, мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар Туркия бар тими даниягии «Сённерйюск» бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда буд. Ҳарсе голи мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадҷони Ҳасан, нимҳимоятгари дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ба самар расондааст.

Бозии навбатии санҷиширо мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Белеки Туркия рӯзи душанбеи 16-уми март муқобили мунтахаби ҷавонони Русия (бозигарони соли таваллудашон 1998), ки ба даври интихобии чемпионати Аврупо-2015 (21-26 март, Краснодар) омодагӣ мебинад, анҷом медиҳад.

Бозии охирини санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик дар Туркия рӯзи 19-уми март бо тими «Конгсвингер»-и Норвегия баргузор мешавад.

Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон дар Анталияи Туркия то рӯзи 20-уми март идома хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG