Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гирдбоди мудҳиши “Пэм” рӯзи шанбе дар кишвари Вануату, воқеъ дар Уқёнуси Ором, бедодгариҳо кард. Хабаргузории Reuters бо такя ба наворҳои моҳвораҳо навиштааст, ки шиддати бод дар то 340 километр дар як соат ва баландии мавҷи баҳр то 8 метр буд.

Садҳо бинову манзил хароб шуда, дар аксар манотиқи Вануату барқ, об ва робитаи телефонӣ нест. Дар бораи қурбониёни офати табиӣ расман иттилое нашр нашудааст, аммо ба маълумоти кормандон Раёсати масоили башарии СММ, фақат дар вилояти Пенам бар асари гирдбод 44 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҳавосанҷон ҳушдор медиҳанд, ки шояд «Пэм» тахрибгартарин гирдбод дар таърихи Уқёнуси Ором шавад.

Аксар маҳаллаҳои пойтахти кишвар Порт-Вила, ки он ҷо 45 ҳазор нафар ба сар мебаранд, зери об монда манзилҳои зиёде хароб шудаанд.

Вануату аз 83 ҷазираи хурди воқеъ шимолу шарқи Австралия иборат аст. Аҳолии ин кишвари хурд тақрибан 260 ҳазор нафар мебошад.

XS
SM
MD
LG