Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, дар бораи коҳиши низоъ дар шарқи кишвар хабар дод. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “1+1”, шоми ҷумъа ӯ гуфт, ки чанд рӯзи ахир дар Донбасс ягон низомии украинӣ кушта нашудааст.

Изҳороти Петро Порошенко як моҳ баъд аз он пахш шуд, ки сарони Русия, Украина, Олмон ва Фаронса дар нишасти тулоние дар шаҳри Минск созиши нави оташбас дар шарқи Украинаро ҳамоҳанг карданд. Бар пояи ин созиш нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор силоҳи вазнинро аз хатти ҷабҳа берун карданд.

Раисиҷумҳури Украина дар мусоҳибаи телевизионӣ хабар дод, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз низоъҳои нав Киев бо 11 кишвари аврупоӣ дар мавриди хариди силоҳи оташфишон қарордод имзо кардааст. Аммо ӯ аз ягон кишвар ном набурд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории УНИАН рӯзи 14 март иттилоъ дод, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар канори рустои Пески ва шаҳраки Авдеевкаи Донетск аз сӯи ҷудоихоҳон тирборон шуданд. Ба навиштаи хабаргузорӣ, гурӯҳҳои террористии Русия дар наздикиҳои шаҳри Широкино, воқеъ дар канори Марупол ҳам сӯи низомиёни украинӣ оташ кушоданд. Аммо расонаҳои русӣ бо такя ба изҳороти раҳбарони ҷумҳурии худхондаи Донетск навиштанд, ки як гурӯҳ аз нерӯҳои украинӣ мавқеъи гурӯҳи дигари худиро тирборон кардааст.

XS
SM
MD
LG