Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Миср пойтахти нав месозад


Яке аз маҳаллаҳои Қоҳира
Яке аз маҳаллаҳои Қоҳира

Ҳукумати Миср дар бораи бунёди пойтахти нави кишвар хабар дод. Мустафо Мадбулӣ, вазири сохтмони Миср, дар як форуми иқтисодӣ дар шаҳри Шарм-ул-Шайх, рӯзи ҷумъа гуфт, ки қарор аст бунёди пойтахти нав ҳафт сол идома кунад.

Пойтахт дар минтақаи миёни шаҳри Қоҳира ва баҳри Сурх дар ҳудуди 700 километри мураббаъ ва барои дасти кам 5 миллион нафар бунёд хоҳад шуд ва қарор аст, ки ҳама идораву муассисаҳои давлатӣ ва сафоратхонаҳо ба он ҷо кӯчонида шаванд. Дар пойтахти ҷадиди Миср ду ҳазор донишгоҳу мактаб ва 600 муассисаи тиббӣ сохта мешавад.

Мустафо Мадбулӣ гуфт, дар бораи бунёди пойтахти нав ба он хотир тасмим гирифта шуд, ки тайи 40 соли оянда теъдоди сокинони Қоҳира ду баробар афзоиш ёфта, ба 40 миллион нафар хоҳад расид. Ҳадафи дигар ин тарҳ – пойин бурдани сати бекорӣ дар кишвар ва рушди иқтисоди Миср аст.

Нерӯҳои мусаллаҳи Миср аллакай ба бунёди шоҳроҳ миёни Қоҳира ва пойтахти нави кишвар шурӯъ карданд.

Мақомоти Миср дар бораи номи пойтахти нав ҳанӯз тасмим нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG