Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи мотами миллӣ дар Тотористон


Дар ҷумҳурии Тотористони Русия ба ёди қурбониёни сӯхтор дар маркази тиҷоратии “Адмирал”-и шаҳри Қазон 14 март рӯзи мотам эълон шудааст. Бар пояи иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса 16 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 19 нафари дигар то ҳол зери харобаҳоянд.

Дар ин ҳодиса чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҷон бохтанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯи шанбе хабар дод, ки ҷасади яке аз онҳо - Қосимҷон Тӯраеви 44-соларо бо ризояти наздиконаш дар пойтахти Тотористон дафн кардаанд. Ба иттилои сухангӯи сафорат Муҳаммади
Эгамзод, намози ҷанозаи ин шаҳрванди Тоҷикистон дирӯз дар масҷиди "Оила"-и шаҳри Қазон хонда шуд. Ҷасади Ҳикматулло Ҳаётуллохони 23-сола, дигар аз қурбониёни ҳодиса, ба Душанбе интиқол ёфтааст.

Дар чаҳорчӯби тафтиши парванда рӯзи ҷумъа Ҳусейн Қаҳрамонов, раҳбари ширкате, ки маркази тиҷоратиро ба иҷора гирифта буд, барои ду моҳ боздошт шуд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки ӯ, аз ҷумла, интиқоли кормандон ба ҷойи амнро ташкил накардааст.

Фурӯшгоҳи "Адмирал", яке аз бузургтарин марказҳои тиҷоратии Қазон, шаби 11 март ба коми оташ рафт. Гуфта мешавад, ки сӯхтор 4 000 метри мураббаъ замини маркази тиҷоратиро фаро гирифт.

XS
SM
MD
LG