Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот мегӯянд, дар ду соли оянда сокинони 156 деҳаи комилан бебарқро бо батареяҳои офтобӣ таъмин хоҳанд кард. Ба қавли онҳо, ин деҳаҳо дар фосилаи хеле дур аз хатҳои барқгузар ҷойгиранд.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифааст, дар ду соли оянда сокинони 156 деҳаи комилан бебарқро бо батареяҳои офтобӣ таъмин кунад. Ин деҳот дар навоҳии дурдасти кишвар ҷойгир буда, аз 5 то 20 хонавода доранд ва аз замони бунёдашон то кунун барқро надидаанд.

Дар ин деҳот, ба гуфтаи масъулони вазорати энержӣ ва захираҳои об, дигар ягон роҳи таъмини сокинон бо барқ вуҷуд надорад. Ин деҳкадаҳо дар фосилаи хеле дур аз хатҳои барқгузар ҷойгир буда, барои нерӯгоҳи барқӣ оби кофӣ ва барои стансияҳои бодӣ шамоли кофӣ надоранд.

Алишер Ҳасанов, мутахассиси яке аз раёсатҳои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дарназардошти ин мушкил онҳо дар солҳои ахир аз ҳисоби ҳукумат ва созмонҳои мададрасон 2 ҳазору 500 батареяҳои офтобиро ба сокинони навоҳии дурдаст тақсим кардаанд. Бонки Осиёии Рушд панҷ соли пеш 11 миллион доллар барои таъмин ва дастрасӣ ба “энергияи сабз” ё энержии табиӣ ҷудо кардааст, ки бо ин маблағ бунёди нерӯгоҳҳои хурд, неругоҳҳои бодӣ ва таъмини сокинон бо батареяҳои офтобӣ дар назар аст.

Қурбонҷон Кабутов, раиси Маркази пажӯҳиш ва баҳрабардорӣ аз сарчашмаҳои алтернативии энержӣ дар Фарҳангистони улум, мегӯяд, алакай бар асоси ин барнома дар чанд деҳоти дурдасти кишвар нерӯгоҳҳои бодӣ ва барқии хурд сохта шуда, инчунин бархе сокинони дигар бо панелҳои офтобӣ таъмин шудаанд.

Аммо ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" дар самти таъмини мардум ба истилоҳ ба “эенергияи сабз” саҳлангорӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ оғоз кардаанд, ҳанӯз дар мо мардум ба батареяҳои хурди офтобӣ дастрасӣ надоранд.

Сокиноне, ки аз батареяҳои офтобӣ истифода мебаранд, аз зуд корношоям шудани онҳо шиква доранд. Хуршед Сафаров, сокини деҳаи Ургулии ноҳияи Шӯрообод, ки се соли пеш батареяи офтобиро дастрас кардааст, мегӯяд, борҳо қисмҳои ин батарея аз кор монда ва онҳо дубора таъмир кардаанд.

Ширкати чинии истеҳсолгари батареяҳои офтобӣ бо номи "YINGLI SOLARO" эълон кардааст, барои таъмини аҳолии Тоҷикистон бо батареяҳои офтобӣ сармоягузорӣ мекунад. Намояндагони ин ширкат, ки то имрӯз беш аз 40 миллион панелҳои офтобӣ барои 30 давлати гуногун сохтаанд, зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар Туркия гуфтаанд, тобистони имсол ба Тоҷикистон сафар мекунанд ва тарҳҳои бунёди панелҳои офтобӣ дар ин кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистон солҳо боз талош дорад, то нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун, ки бузургтарин лоиҳа дар Осиёи Миёна дониста мешавад, бисозад ва ба ин васила аз норасоии нерӯи барқ раҳоӣ ёбад. Аммо бештар аз даҳ сол аст, сари сохтмони он бо кишварҳои поёноб, ба хусус Узбакистон баҳс дорад. Тоҷикистон умедвор аст, бо сохтмони ин нерӯгоҳ мушкили таъмини сокинон бо нерӯи барқ аз миён меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG